Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров ба Олмон рафт


Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон ширкат хоҳад кард.

Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа, ки рӯзи шанбеи 17-уми май дар шаҳри Халлери Олмон шурӯъ мешавад, барояшдар мавсими имсола аввалин аст. Дилшод Назаров афзуд, ин мусобиқаи хеле пурнуфуз аст, ки дар он на танҳо зӯртарин гурзандозҳо, инчунин, варзишгарон дар навъҳои дигар, ба монанди партоби найза, партоби вазна ва партоби диск қувваозмоӣ мекунанд. Баъдан мусобиқа аз силсилаи Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук шурӯъ мешавад. 2-юми июн чунин мусобиқа дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон барпо мегардад. Вале барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
Линки мустақим


Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2013 эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG