Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии ҳукумати Украина дар мубориза бо ҷудоихоҳон


Ҳукумати Украина мегӯяд, ки нируҳои амниятӣ ду пойгоҳи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русияро дар шарқи Украина аз байн бурдаанд. Александр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина 15 май гуфт, ки нируҳои амниятӣ дар як амалиёти шабона дар наздикии Славянск пойгоҳи шӯришиёнро нобуд кардаанд.

Вай гуфт, ки сарбозон ҳамчунин панҷкилометрии минтақаи атрофи манораи телевизиони Славянскро ба контроли худ даровардаанд. Телевизионро ҷудоихоҳон ба забт карда буданд.

Вазорати дифоъ гуфт, ки нируҳои онҳо ҳамчунин махфигоҳи шӯришиёнро дар наздикии шаҳри Краматорск аз байн бурдаанд ва се “террорист”-ро боздошт кардаанд.

Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз оғози нахустин гуфтугӯҳои миллӣ дар Украина роҷеъ ба ислоҳот дар Қонуни Асосӣ ва ҳали бӯҳрон дар шарқи ин кишвар истиқбол кард. Дидиер Бурхалтер-вазири корҳои хориҷаи Шветсия, ки ҳоло раёсати САҲА-ро бар уҳда дорад, 14 май гуфт, музокироти мизи гирди Киев имкон дод, ки баррасиҳои созанда сурат бигирад ва барои машваратҳои оянда, ки бояд дар минтақаҳои кишвар баргузор шавад, замина фароҳам гардад.

Дар музокирот ё гуфтугӯҳои мизи гирд раҳбарони пешин, намояндагони порламон ширкат доштанд, вале ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия омода нашуданд ба ин мизи гирд биёянд.
XS
SM
MD
LG