Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: Коҳиши будҷаи низомӣ муассир нест


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, коҳиши масорифи молӣ барои корҳои дифоӣ аз тарафи кишварҳои узв ба воқеият дуруст намеояд ва он ҳам дарҳолест, ки Русия масорифи низомии худро афзоиш медиҳад.

Вай ин нуктаро 15 май дар Братислава-пойтахти Словакия изҳор дошт ва гуфт, дар давоми 5 соли гузашта ҳар сол Русия масорифи низомии худоро 10 дарсадӣ боло бурдааст. Дар муқобили он дар ҳамин муддат чанд кишвари аврупоии узви НАТО масорифи низомии худро бештар аз 20 дарсад коҳиш додаанд.

Расмуссен афзуд, ҳоло вақти он расидааст, ки кишварҳои узви паймони НАТО коҳиши масорифи низомиро боздоранд ва ба савияи пешин баргарданд.

Конфронси серӯза, ки аслан аз таҳдидҳои амниятӣ дар пасманзари бӯҳрони Украина бармеояд, нахуствазирони Полша, Словакия ва Ҷумҳурии Чехро дар Братислава ба ҳам овард. Расмуссен аз Русия интиқод кард, ки барои коҳиши шиддати бӯҳрон даст ба иқдом намезанад.
XS
SM
MD
LG