Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътисоби иттиҳодияи коргарӣ дар Туркия


Бузургтарин иттиҳодияи коргарии Туркия барои куштори шумораи зиёди коргарони яке аз конҳои ангишти ин кишвар 15 майро рӯзи эътисоб ё корпартоӣ эълон кардааст. Дар ҳоле, ки корпартоӣ идома дорад, мақомот таъйид кардаанд, ки дар таркиши кони ангишт дастикам 282 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Умед барои зинда берун овардани коргарон аз зери замин кам шудааст ва дар саросари Туркия мардум ба ғазаб омадаанд. То ҳол тақрибан 120 коргари дигар дар дохили кон дар зери замин боқӣ мондаанд. Гурӯҳҳои равоншинос бо хешовандони ҷонбохтагон сӯҳбат мекунанд ва пулис даромадгоҳи кони ангиштро посбонӣ мекунад.

Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия баъд аз боздид аз маҳали ҳодиса масъулиятро аз дӯши ҳукумат канор гузошт. Эрдуғонро таҳқир карданд ва мошини вайро хешовандони ҷонбохтагон бо мушту лагад мезаданд ва тақозо мекарданд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Дар Истамбул ва Анкара пулис бар зидди эътирозкунандагон 14 май аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард, то мардумеро, ки истеъфои Эрдуғонро талаб мекарданд, пароканда кунад.
XS
SM
MD
LG