Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суиқасд ба ҷони раиси ҷамъияти озариҳо дар Киев


Равшан Тагиев-раиси ҷамъияти озарбойҷониҳо дар Украина зоҳиран дар як талоши сӯиқасд дар Кеив ба таври ҷиддӣ ҷароҳат бардоштааст. Матбуоти Озарбойҷон аз қавли хешовандону ҳамкорони Тагиев навиштаанд, ки афроди номаълум савори мошини бидуни рақамҳои давлатӣ 14 май дар маркази шаҳри Кеив ба сӯи Тагиев тир холӣ кардаанд.

Ин ҷамъият бо номи Анҷумани муттаҳидаи озариҳои Украина шинохта шудааст. Сӯиқасдкунандагон аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд. Мошине, ки аз он ҳамла карда буданд, баъдтар дар яке аз маҳаллоти шаҳри Киев пайдо карданд, ки оташ зада шуда буд.

Тагиев бо шонаи захмӣ ба зудӣ ба бемористон ипнтиқол дода шуд. Вазъи саломатиаш вазнин аст ва якзайл арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG