Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод. Абдуғаффори Абдуҷаббор, раиси дастгоҳи вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 14 май зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон муддати як ҳафта аз 26 то 31 май сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Абдуҷаббор, тибқи барнома маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад. Ба таъкиди раиси дастгоҳи вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳайати Русия иборат аз 45 нафар аз аҳли фарҳангу ҳунар ва адаби ин кишвар хоҳанд буд ва муддати як ҳафта барномаҳои мухталифи фарҳангиро, ки шомили анъанаҳои фарҳанги мардлуми рус аст, барои тамомшобини тоҷик ба маърази тамошо мегузоранд. Мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистонро барои густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд. Омодагиҳо барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия расо се соли пеш доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG