Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Қоҳир Расулзода бо муовини нахуствазири Қирғизистон


Имрӯз, сешанбеи 13 май, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кардааст. Субҳиддин Муҳиддинов, корманди хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дидору гуфтугӯи Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон дар ҳошияи нишасти навбатии байниҳукуматии ҳар ду кишвар, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, сурат гирифт.

Ба гуфтаи ҷаноби Муҳиддинов, дар ин мулоқот масоили рўзномаи ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои ҳукуматии ду давлат доир ба муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ, таҳкими робитаҳои наздисарҳадӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилоту ихтилофоти марзи ду давлат, сохтмони роҳу кӯпрукҳо ва рушди робитаҳои дўстона дар соҳаи нақлиёт ва рафтуои бемамониати шаҳрвандон, ҳамчунин масъалаи беҳтар гардонидани кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ин манбаъ афзуд, ки зимни дидор таъкид шуд, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон робитаҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳам мепайванданд ва ҳар ду кишвар ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ бештар алоқамандӣ зоҳир менамоянд. Ин масъули хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар мулоқот ҳамзамон масоили саҳмгузорӣ ва ҳамгироии ду кишвар дар иҷрои лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли барқи байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
XS
SM
MD
LG