Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Рӯзи панҷшанбе, 15-уми май, мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон шурӯъ мешавад.

Мусобиқаи имсола, ба мисли соли гузашта, дар ду минтақа – Душанбе ва Суғд барпо мегардад. Дар марҳилаи аввал мусобиқот аз рӯи нақшаи маъмулӣ, яъне бозиҳо дарду давра дар хона ва меҳмонӣ доир мешаванд.

Баъди анҷоми бозиҳои мусобиқаи минтақавӣ, ду дастаи пешсаф ба нимфинал мебароянд. Дастаи ғолиби минтақаи Душанбе дар даври ниманиҳоӣ бо дастае, ки дар минтақаи Суғд ҷойи дувумро мегирад, рақобат мекунад ва баръакс. Бозиҳо дар хона ва дар сафар барпо мегарданд. Сипас ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар даври ниҳоӣ рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Дар минтақаи Душанбе 10 даста бозӣ мекунад: «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Нури Норак» (Норак), «Саройкамар» (Панҷ), «Бохтар» (Бохтар), «Ҳулбук» (Восеъ), «Пахтакор» (Қабодиён), «Чашма» (Шаҳритус), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Локомотив» (Душанбе). Бозиҳои даври аввал рӯзи ҷумъа, 16-уми май, баргузор мешаванд.

Ба минтақаи Суғд 12 даста дохил аст: «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Спитамен» (Спитамен), «Шаҳристон» (Шаҳристон), Маркази омодагии олимпӣ (Хуҷанд), «Зарафшон» (Панҷакент), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Эсхата» (Хуҷанд), «Қайроққум» (Қайроққум), «Канд» (Конибодом), «Сайҳун» (Бобоҷон Ғафуров), «Исфара» (Исфара) ва «Ваҳдат» (Ашт). Бозиҳои даври аввал рӯзи панҷшанбе, 15-уми май баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Минтақаи Душанбе. Даври 1-ум

16-уми май (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) – «Локомотив» (Душанбе)
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Ҳосилот» (Фархор)
«Нури Норак» (Норак) – «Чашма» (Шаҳритус)
«Саройкамар» (Панҷ) – «Пахтакор» (Қабодиён)
«Бохтар» (Бохтар) – «Ҳулбук» (Восеъ)

Минтақаи Суғд. Даври 1-ум

15-уми май (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
«Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) – «Спитамен» (Спитамен)
«Шаҳристон» (Шаҳристон) – Маркази омодагии олимпӣ (Хуҷанд)
«Зарафшон» (Панҷакент) – «Мастчоҳ» (Мастчоҳ)

16-уми май (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
«Эсхата» (Хуҷанд) – «Қайроққум» (Қайроққум)
«Канд» (Конибодом) – «Сайҳун» (Бобоҷон Ғафуров)
«Исфара» (Исфара) – «Ваҳдат» (Ашт
XS
SM
MD
LG