Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Канали Сталин" дар Қумсангир аз маҷрои худ берун шуд


Дар ноҳияи Қумсангир 250 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон, бар асари боришот «канали Сталин» аз маҷрои худ берун шуда, ҳудуди 30 манзили зист ва бозори марказиро тахриб кардааст. Эмом Хомӯшов, сардори «Санатория»-и ноҳияи Қумсангир рӯзи 13 май бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки канали ба номи Сталин, ки аз маркази шаҳраки маркази ноҳия мегузарад, бар асари боронгарӣ аз маҷрои худ берун шуда, ҳудуди 30 манзили зистро, ки пойдевор надоштаанд, тахриб кардааст. Оби канал дар соати 1 шаб пур шуда, ба соҳил рехт, ки мардум бедор шуданд ва ин боиси пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ шудааст. Борони сел тақрибан то соати 04:00 идома кард ва ба бозори марказӣ низ зарар ворид кардааст. Намояндагони Идораи обу корезии ҳукумати ноҳия каналро бастанд ва феълан мардум дар пайи баратараф кардани зарари ворида шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон низ ҳодисаи обхезиро дар ноҳияи Қумсангир тасдиқ намуд ва дафтари матбуоти ин ниҳод гуфт, гузориши муфассал оид ба зарари обхезӣ дар Қумсангир дертар пахш хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG