Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо як сафари серӯза ба Арабистони Саудӣ рафтааст. Сомонаи расмии вазорати хориҷа хабар дод, ки рӯзи 11 май "ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 12-13 майи соли равон дар Риёз баргузор мегардад, ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуд."