Дар ин бора ба радиои Озодӣ Носир Бозоров, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМО ҶТ), хабар дод. Вай афзуд, «дар мусобиқаи литсензионии чемпионати Осиё оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ байни наврасон, ки аз 8-ум то 11-уми май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, паҳлавонони навраси тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза бурданд.»
Ба иттилои масъули КМО ҶТ Фирӯз Ёқубов, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, дар намуди гуштии озод дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай, инчунин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи дувуми наврасон гардид.
Роҳхати дувумро барои Тоҷикистон Тоҳирҷон Охунов овард. Вай, ки дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг ҷойи дувумро гирифт, бо медали нуқра ва роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷинг сарфароз шуд.
Дар намуди гуштии озод намояндаи дигари Тоҷикистон Инъом Инъомов дар вазни то 76 кг ҷойи севумро гирифт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Инчунин дар намуди гуштии юнониву румӣ Бахтовар Ҳасанов дар вазни то 58 кг ва Равзатшоҳ Исоев дар вазни то 42 кг барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Вале бар асоси низомномаи мусобиқот танҳо варзишгароне, ки ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд.
Ба гуфтаи Носир Бозоров ду варзишгари ҷавони тоҷик - Бахтовар Ҳасанов ва Равзатшоҳ Исоев - ба рӯйхати «интизоршавандаҳо» дохиланд, яъне дар мавриди аз иштирок дар Олимпиадаи Нанҷинг даст кашидани варзишгарони баъзе аз кишварҳо, ин гуштигирони тоҷик метавонанд ҷойҳои онҳоро бигиранд.
Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш, ба мисли бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ, тирандозӣ, варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, камонварӣ ва ғайра барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон талош доранд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал (Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг – медали нуқра ва Шукрона Шарифова,таэквон-до ВТФ, вазни то 44 кг – медали биринҷӣ) ба даст оварда буданд.