Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду пирӯзии “Парвоз” дар сафар бе духтур


Рӯзҳои 10-11-уми май бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Рӯзи шанбе се бозӣ барпо гардид. «Истиқлол»-и Душанбе бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 4-0 ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 5-2 ғалаба карданд.

Як бозӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров тими мизбон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро - бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Бояд гуфт, ки «Парвоз» дар ду бозии охиринаш дар меҳмонӣ 6 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дувум баромад.
Алиёр Ашӯрмамадов, сармураббии дастаи «Парвоз», баъди анҷоми бозӣ бо «Вахш» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «бозӣ бо «Вахш» баробар гузашт. Рақиб сазовор бозӣ кард. Дар мо проблема вуҷуд дошт. Чор бозигари калидиамон иштирок накарданд. Бинобар ин ба мо каме мушкил буд. Мо ҳамагӣ як нафарро иваз кардем. Мо ду вазъияти голзанӣ доштем ва якеашро истифода бурдем. Мақсади мо дар байни панҷгонаи беҳтарин ҷойгир шудан аст. Мо дар ҳар як бозӣ баҳри ғалаба ба майдон меоем.»
Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт, «мо дар нимаи аввали бозӣ бисёр имкони хуби голзанӣ доштем, вале аз онҳо истифода карда натавонистем. Аз бозии шогирдонам қаноатмандам, вале аз натиҷаи бозӣ не. Мо бисёр масъалаҳои ҳалталаб дорем. Вазъи молии даста ниҳоят хароб аст. Мо ба ин бозӣ бо мушкилии зиёд ҷамъ шудем. Бачаҳои мо хеле ҷавонанд ва ба маслиҳат ниёз доранд. Дар бораи рақибамон – «Парвоз» ҳаминро гуфтаниям, ки агар дастаи лигаи олӣ дар назди худ дар чемпионати Тоҷикистон мақсади баланд гузошта бошад, пас чӣ гуна бо 10 нафар ҳайати ҷавононаш ба сафар мебарояд. Ҳайати асосӣ бе духтур омадааст. Вазифаи духтурро сардори даста ба ҷо овард. Вай дар ҷараёни бозӣ зуд-зуд бо оби «зинда» ба майдон баромада, ба бозигаронаш гӯиё «ёрии таъҷилии тиббӣ» мерасонд. Бо ин аҳвол футболи мо ба куҷо меравад?!»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00
Линки мустақим


Ду бозии дигар рӯзи якшанбеи 11-уми май сурат гирифт. «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бар тими меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе – бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Дарвоқеъ, ин аввалин пирӯзии футболбозони Истаравшан ба шумор меравад. Дар бозии охирин «Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ аз «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд ва аввалин бор ба мағлубият дучор шуд.

Даври 4-ум
10-уми май, шанбе.
«ИСТИҚЛОЛ» - «ХУҶАНД» - 4-0
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 36 (2:0). Дилшод Восиев, 59 (3:0). Аҳтам Назаров, 90 (4:0).
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Бенҷамин Авуку («Хуҷанд»).
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобин.

«ВАХШ» - «ПАРВОЗ» - 0-1
Гол: Рашид Мирхолиқов, 83.
Огоҳонида шуданд: Улуғбек Абдулхайров, Худойдод Узоқов, Абдухалил Боронов, Далер Шарифов («Вахш»), Шоҳрух Раҷабмадов («Парвоз»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «РАВШАН» - 5-2
Голҳо: Зарифҷон Рустамов, 2 – ба дарвозаи худ (1:0). Фирӯз Раҳматов, 16 (2:0). Фирӯз Раҳматов, 47 (3:0). Алишер Шарифов, 50 – ба дарвозаи худ (3:1). Зарифҷон Рустамов, 56 – ба дарвозаи худ (4:1). Наврӯз Рустамов, 73 (4:2). Абдурасул Раҳмонов, 87 (5:2).
Огоҳонида шуданд : Ҳикматулло Расулов, Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»), Хуршед Абдуллоев («Равшан»).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». 2000 тамошобин.

11-уми май, якшанбе.
«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - ССКА «ПОМИР» - 1-0
Гол: Аъзам Ҳусейнов, 22.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

«ЭНЕРГЕТИК» - «ХАЙР» - 0-2
Голҳо: Баҳодур Шарифов, 6 (0:1). Мӯҳсин Парпиев, 51 (0:2).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)431010-210
2«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)43018-49
3«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)42119-47
4«Хайр» (Ваҳдат)42118-57
5«Энергетик» (Душанбе)41214-55
6«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)41212-45
7«Хуҷанд» (Хуҷанд)41212-55
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)41031-33
9«Равшан» (Кӯлоб)41036-133
10ССКА «Помир» (Душанбе)40132-71

Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») – 3 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН ва Фарҳод ТОҲИРОВ (ҳарду - «Парвоз»), Абдурасул РАҲМОНОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол») – 2-тӯбӣ

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG