Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмади боронгариҳо дар манотиқи Тоҷикистон


Бар асари боришоти рӯзҳои 10 ва 11 май дар аксари навоҳии ҷанубии кишвар, даҳҳо манзилҳои зист тахриб шуда, роҳҳои мошинград вайрон шудаанд ва автомашинаҳо зери лою гил мондаанд. Наргис Нурова, корманди Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон имруз, 12 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бар асари боришоти зиёд дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 400 манзили зист зарор дида, об вориди утоқҳои зист шуда, идомаи зиндагӣ дар хонаҳоро имконнопазир кардааст. Боронгарӣ соати 23:00 шаб шуруъ шудааст, ки аксари соҳибони манзил дар берун шаби худро рӯз кардаанд. Дар ҷамоати «Симиганҷ»-и ноҳияи Ваҳдат бар асари боришот 15 манзили зист тахриб шуда 5 автомашинаи сабукрав бар асари ворид шудани обу гил ба дохили мошинҳо, корношоям шудаанд. Бориши рӯзи 11 май дар минтақаи Кӯлоб шоҳроҳи Кӯлоб- Қулма -Қароқурумро тахриб карда, роҳро ҳудуди 2 километри шустааст, ки ҳаракати дар роҳ масдуд шуд. Идораи роҳсозии минтақаи Кулоб дирӯз роҳро таъмир намуда ҳаракати мошинҳо дар онро таъмин кардааст. Тавре Кумитаи ҳолатҳои изтирории хабар меиҳад, бар асари боришот 10 май дар ноҳияи Шӯробод беш аз 20 манзили зист тахриб шудаааст.
XS
SM
MD
LG