Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев райпурсии ҷудоихоҳонро "мазҳакаи ҷиноятӣ" медонад


Украина райпурсии сарбахуди ду вилояти ҷудоихоҳи Луҳанск ва Донетскро “мазҳакаи ҷиноятӣ”-и созмондодаи Маскав ном бурд. Вазорати корҳои хориҷаи Украина дар эъломияе ин райпурсиро “созмондода, ташвиқшуда ва сармоягузоришуда аз Кохи Кремл” арзёбӣ кардааст.

Аммо мақомоти худхондаи ин ду минтақаи ҷудоихоҳ иддао доранд, ки дар ин райпурсӣ аҳолӣ ширкати фаъол доштааст. Ин райпурсиро гурӯҳҳои шӯришӣ созмон додаанд ва онро Киев ва Ғарб эътироф намекунанд. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 7 май даъват кард, ки райдиҳӣ ба таъхир андохта шавад, бо вуҷуди ин райдиҳӣ идома дорад.

Александр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина ҳушдор дод, ки ин райдиҳӣ “қадаме ба сӯи ҷарӣ” аст. Турчинов гуфт, ки ҳукумат мехоҳад, бо намояндагони минтақаҳои шарқӣ музокира кунад, на “бо террористҳое, ки” ба гуфтаи худаш, “харобии кишварро вазифаи худ медонанд”.
XS
SM
MD
LG