Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон 70 млн евро медиҳад


Дар солҳои наздик Иттиҳодияи Аврупо барои рушди Узбакистон 70 миллион евро ҷудо хоҳад кард. Дар ин бора Юрий Штерк-раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Узбакистон хабар додааст.

Вай рӯзи шанбе дар Тошканд ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин иттиҳодия аз соли 2007 то соли 2013 72 миллион евро дар ихтиёри Узбакистон гузоштааст ва ба нақша гирифтааст, ки барои 7 соли оянда низ, яъне то соли 2020 68 миллион еврои дигар ба ин кишвар бидиҳад. Дар ин бора хабаргузориҳо аз Тошканд иттилоъ додаанд.

Юрий Штерк гуфтааст, чунин барномаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи Юрий Штерк, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Узбакистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2013 1 миллиарду 650 миллион евроро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG