Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маркази Мариупол тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст


Дар маркази шаҳри Мариуполи виляоти Донетск рӯзи ҷумъа, 9 май, тирандозӣ сурат гирифт. Хабаргузориҳои украинӣ дар бораи бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтани чаҳор кас иттилоъ доданд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки тирандозӣ аз ҷониби бинои раёсати шаҳрии милиса ва қисмии низомии Горди миллӣ ба гӯш мерасад. Сомонаи шарҳдории Мариупол хабар дод, ки афроди ношинос талоши забти бинои раёсати милиса ва қисми низомиро мекунанд. Маркази шаҳр барои ҳаракати нақлиёт ва равуои одамон баста шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шудааст, ки зиреҳпӯшҳо бо парчами Украина аз маҳаллаи фурудгоҳ сӯи шаҳр ҳаракат карданд.

Чанд рӯз пеш вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков хабар дода буд, ки Мариупол таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG