Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши бами роҳ 8 нафар кушта шуд


Дар натиҷаи инфиҷори бами роҳ дар Вазиристони Шимолии Покистон 8 сарбози артиши ин кишвар кушта, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳо, бам замоне таркидааст, ки корвони мошинҳои низомӣ 8 май аз роҳи деҳаи Ғуломхони ин минтақа мегузашт.

Касе ё нируе масъулияти ин ҳодисаро бар дӯш нагирифтааст, вале дар ин минтақа Толибони Покистон ҳузури қаввӣ доранд. Мақомоти низомӣ мегӯянд, ки баъд аз ин ҳамла дар маҳали ҳодиса амалиёти ҷустуҷӯ шуруъ шудааст.

Ду ҳафта пеш Толибон оташбасро бо ҳукумат қатъ карда буданд. Аз даҳ сол ба ин сӯ артиши Покистон дар 7 минтақаи қабиланишини кишвар муборизаро бар зидди тундравҳо идома медиҳад. Аз соли 2007 то ҳол дар даргириҳо 6 800 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG