Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис хостори ҳамкориҳои бештар бо НАТО шуд


Ираклий Аласания
Ираклий Аласания
Ираклий Аласания-вазири дифои Гурҷистон занги ахири телефонии худро ба паймони НАТО дар бораи “ҳолати дифоӣ” гирифтан кори дуруст хонд. Ин дар ҳолест, ки нигарониҳои Гурҷистон аз нақши Русия дар ташдиди бӯҳрони Украина афзоиш ёфтааст.

Аласания ба радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло вақти муносиб аст”, ки як ҷо бо паймони НАТО ҳамкориҳои низомиро густариш диҳанд. Вай гуфт, Тифлис намехоҳад “Аврупо ва дигарон” фикр кунанд, ки Гурҷистон барои дарёфти замонати амниятӣ аз ҳамгароии худ бояд то рӯзи узвият дар паймони НАТО мунтазир бимонад.

Вазорати дифои Амрико гуфт, 7 май Ҳегел қавл додааст, ки ҳамкориҳои низомӣ бо Гурҷистонро идома медиҳад. Гурҷистон моҳи августи соли 2008 бо Русия ҷанги мухтасарро паси сар кард.

Дарёсолор Ҷон Кёрбӣ-сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, Ҳегел ваъда додааст, ки Вашингтон “ҳамкориҳои қаввии дифоӣ”-ро бо Гурҷистон идома хоҳад дод ва Тифлисро ташвиқ мекунад, ки барои ҳамгароӣ бо НАТО ислоҳотро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG