Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори таъхири раъйпурсии ҷудоихоҳон дар Украина шуд


Мақомоти Русия аз ҷонибдорони федерализатсия дар ҷанубу шарқи Украина хостори ба мӯҳлати дертар мавқуф гузоштани раъйпурсии рӯзи 11 май оид ба мушаххасозии мақоми манотиқ шуданд.

Изҳороти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ин бора, рӯзи чаҳоршанбе, 7 май пахш шуд. Дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Швейсария Дидие Буркҳалтер, ки кишвараш раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад, Владимир Путин гуфт, Русия аз мақомоти феълии Киев талаб дорад, ки фавран ҳама гуна амалиёти низомӣ дар шарқи Украинаро қатъ кунад.

Раъйпурсӣ оид ба федерализатсия – шарти асосии ҷудоихоҳон дар ҷанубу шарқи Украина аст. Қарор аст, ки рӯзи 11 май дар Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск раъйпурсӣ оид ба мақоми ҷумҳурӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG