Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-16) ба даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 омодагӣ мебинад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар ин рӯзҳо дар шаҳри Норак баргузор шудааст.

Сармураббӣ ба ин ҷамъомад 26 бозигар, аз он ҷумла, 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Дар ин ҷамъомад, ки дар Норак то 11-уми май идома меёбад, футболбоздухтарони тоҷик ҳаррӯз ду бор тамрин мекунанд.

Бояд гуфт, ки сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 миёни духтарони синнашон то 16-сола аз 6-ум то 12-уми октябр дар Бангладеш доир хоҳад шуд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ тимҳои Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Қирғизистон, Шри-Ланка ва Узбакистон мебошанд.

Ҳайати васеи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16):
Дарвозабонҳо: Сахина Саидова (Ҷиликул), Зумрад Назарова (Турсунзода), Муаттар Раҳматуллоева (Норак), Шаҳноза Бобоева (Вахш).
Ҳимоятгарон: Озода Хусанбаева (Спитамен), Елизавета Боева, Меҳрангез Малаева (Турсунзода), Дастагули Аскаршо, Ҷонона Ҳалимова, Гулафшон Сараева, Маҳвора Достакова (Норак), Улдона Бекматова (Ҷиликул).
Нимҳимоятгарон: Дилноза Лалиева (Ҷиликул), Марҷона Файзуллаева (Сарбанд), Муниса Мирзоева (Душанбе), Наргиза Юнусова, Рухшона Мамадалиева (Спитамен), Мафтуна Бобоқулова (Турсунзода), Дилафрӯз Шарифова, Насиба Олимова, Гуландом Саидова (Норак), Фарида Ҳалимова (Душанбе).
Ҳамлагарон: Матлуба Абдуллоева (Ҷиликул), Шукрона Мирова (Сарбанд), Дилноза Ғафурова (Турсунзода), Мавҷуда Сафарова (Қӯрғонтеппа).
Сармураббӣ: Сулаймон Бобокалонов.
Менеҷер: Меҳроҷиддин Холов.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG