Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мариупол таҳти назорати нерӯҳои украинӣ даромад


Шаби гузашта бинои Шӯрои шаҳри Мариупол таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифт. Ба иттилои шабакаи телевизионии “5 канал”, рӯзи чаҳоршанбе, 7 май, сангарҳо аз назди бино барчида шуданд, ҳаракати нақлиёт дар шаҳр дубора ба роҳ монда шуд. Хабаргузории УНИАН навиштааст, ки касе барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат накардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, тамоми шаб дар маркази Мариупол балонҳои мошин месӯхтанд, аз баъзе ҷойҳо садои тирандозӣ ба гӯш мерасид. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки дар канори пойгоҳи низомӣ ва каме дуртар аз фурудгоҳ сӯи автобус ва чанд мошин оташ кушода шуд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба постгоҳи ҷудоихоҳон дар канори шаҳр як нафар ҷон бохт ва се каси дигар захмӣ шуд.

Дар роҳи мошингарди Мариупол-Ялта постгоҳ бидуни ягон рамзу нишона пайдо шуд. “Интерфакс-Украина” хабар медиҳад, ки шоҳроҳи Мариупол-Мангуш баста шудааст.

Низомиёни укроин субҳи барвақти рӯзи 7 май, ҳамлаи густурда ба шаҳри Славянскро ҳам шурӯъ карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар канори шаҳр ду таркиши мудҳиш рӯй дод, даргириҳо дар дохили шаҳр идома доранд. Сомонаи Корреспондент.net, бо такя ба сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки дар ҳамла ба шаҳр дастаҳои мусаллаҳи “Правий сектор” ширкат мекунанд. Дар Славянск ҳаракати нақлиёт мутаваққиф шуда, одамон манзилҳоро тарк намекунанд, баъзеҳо дар ҷойҳои кори худ шабро рӯз карданд.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Украина, дар амалиёт дар Славянск, ки ду рӯз пеш оғоз ёфт, чаҳор низомии укроинӣ кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар задухӯрдҳо беш аз 30 тан аз ҷудоихоҳон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG