Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳо дар шаҳри шарқии Славянск идома дорад


Вазорати корҳои дохилаи Украина гузориш додаааст, ки дар шаҳри Славянски ин кишвар дар даргириҳои шадид бо тундравҳои ҷонибдори Русия 4 нафар аз нируҳои Украина кушта, 30 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати дохилаи Украина мегӯяд, ки тундравҳо контрол бар шаҳри Славянскро дар ихтиёр доранд ва мардуми маҳаллиро чун сипар истифода мекунанд. Онҳо аз хонаҳои мардум тирандозӣ мекунанд. Баъзе аз ин хонаҳо оташ гирифтаанд.

Дар бораи талафоти ҷонии шаҳрвандон низ гузориш мерасад, вале шумораи онҳо маълум нест. Субҳи 5 май Арсен Аваков-вазири дохила гуфт, ки нируҳои ҳукуматӣ тақрибан бо 800 нафар тундравҳое рӯ ба рӯ шудаанд, ки аз аслиҳаи вазнин истифода мекунанд.

Славянск 140 ҳазор аҳолӣ дорад ва баъд аз барканории Виктор Янукович аз мақмои раёсати ҷумҳурӣ ба маҳали даргириҳо табдил ёфтааст.

Ҳукумати Украина барои созмон додани нооромиҳо Русияро муттаҳам медонад, вале Русия ин аддаоро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG