Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Словения истеъфо дод


Аленка Братушек
Аленка Братушек
Хонум Аленка Братушек-нахуствазири Словения аз мақоми худ истеъфо дод ва баъд аз маҳрумият аз раҳбарии ҳизб дархост кард, ки интихоботи зудрас баргузор шавад. Вай 5 май аризаи истеъфои худро дар ҳоле ба раиси порламон супурд, ки дар як райдиҳӣ дар ҳизби Позитиви Словения мақоми раҳбарии ҳизбро аз даст дод.

Хонум Братушек 44 сола аст ва агар ҳизб аз вай ҷонибдорӣ накунад, вай ҳақи раҳбарии кобинаро низ нахоҳад дошт. Ба ҷои вай шаҳрдори Любляна-пойтахти Словения Зоран Янкович дар райдиҳии ҳизбӣ баранда ва раиси ҳизб интихоб шуд.

Ҳоло бар зидди Братушек ба эҳтимоли ришвахорӣ парвада боз шудааст ва расидагӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG