Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Исфара -- Ворух дубора боз шуд


Пас аз якуним шабонарӯзи қатъи ҳаракат дар роҳи байни Исфара ва Ворух ва гуфтушунид бо аҳолии маҳаллӣ роҳ субҳи 5-уми май боз шуд. Ҷонишини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Бодканд, Улон Ризбеков мегӯяд, роҳро 3-юми май сокинони Ворух бастанд, то аз рондани чорвои сокинони деҳаи қирғизнишини Оқсой пешгирӣ кунанд. Аммо як сокини Ворух ба Радиои Озодӣ навишт, ки роҳро ҳанӯз пеш аз рондани подаҳои худ қирғизҳо бастанд, то ба онҳо халал нарасад. Дар натиҷа муноқишае барпо ва аз ҳарду ҷониб тӯдаҳои мардум ҷамъ омад. Сокинони деҳаи Оқсой танҳо ба воситаи деҳаи Хоҷааълои Тоҷикистон меатвонанд ба манотиқи марказии вилояти Бодканд сафар кунанд ва дар навбтаи худ, сокинони Ворух барои расидан ба Исфара маҷбуранд, қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистонро гузаранд. Роҳи байни Исфара ва Ворух дар як соли охир ҳафт мартаба баста шуда, боиси муноқиша ва задухӯрд байни тоҷикон ва қирғизҳо шудааст. Талоши сохтани роҳи нав ба воситаи ҳудуди Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон сабаби тирандозӣ байни мурзбонони тоҷику қирғиз шуд, ки бар асари он чандин нафар захм бардоштанд.
XS
SM
MD
LG