Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 нафар бар асари суқути қатора дар Ҳиндустон


Бар асари аз масири ҳаракат берун шудани қатори мусофирбар дар аёлати Махараштра, воқеъ дар ғарби Ҳиндустон, 12 нафар ба ҳалокат расида, дасти кам 30 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Шабакаи телевизионии маҳаллии NDTV ба такя ба полиси аёлат хабар дод, ки ин ҳодиса дар минтақаи Райгад рӯй додааст. Бо сабабҳои ҳанӯз номаълум локомотив ва чаҳор вагони қатора аз масир берун шуданд.

Дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома доранд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс навиштааст, ки аз суқути қатора дасти кам 57 нафар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG