Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲА "сиҳату саломат" ба Берлин расиданд


Ҳафт нозири низомии аврупоии аз дасти ҷудоихоҳон дар Славянск раҳошуда шоми шанбе, 3 май, вориди Берлин шуданд. Урсула фон дер Ляйен, вазири дифои Олмон, рӯзи якшанбе ба хабаргузориҳо гуфт, ки ҳама кормандони гурӯҳ сиҳату саломат баргаштаанд.

Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Дания ва Шведсия рӯзи 25 апрел дар як постгоҳи канори шаҳри Славянски вилояти Донетски Украина бо гумони ҷосусӣ аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба гарав гирифта шуданд. Яке аз онҳо – афсари шведӣ Ингви Томас Йохансон, ки ба маризии қанд мубтало буд, зуд раҳо карда шуд.

Рӯзи шанбе Даниэл Ҳолтген, сухангӯи Дабири кулли Шӯрои Аврупо, хабар дод, ки нозирони боздоштшуда ба котиби Шӯрои Аврупо Турбиерн Ягланд ва фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия Владимир Лукин супурда шуданд.

Мири худхондаи Славянск Вячеслав Пономарев нозиронро “асирони низомӣ” номида гуфта буд, ки онҳоро фақат ба ивази раҳоии рустаборҳои аз сӯи нерӯҳои украинӣ боздоштшуда озод мекунанд. Аммо Владимир Лукин гуфт, ки дар робита ба раҳоии нозирони САҲА ягон муомила сурат нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG