Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Аврупо хабари раҳоии нозирони САҲА-ро тасдиқ кард


Шӯрои Аврупо хабари раҳоии нозирони низомии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз дасти ҷудоихоҳони шаҳри Славянски Украинаро тасдиқ кард. Даниэл Ҳолтген, сухангӯи Дабири кулли Шӯрои Аврупо, рӯзи шанбе, 3 май, гуфт, ки дар як постгоҳҳои канори шаҳри Славянск нозирони боздоштшуда ба котиби Шӯрои Аврупо Турбиерн Ягланд ва фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия Владимир Лукин супурда шуданд.

Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз Полша, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Дания ва Шведсия дар яке аз постгоҳҳои канори шаҳри Славянск бо гумони ҷосусӣ аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба гарав гирифта шуданд. Яке аз онҳо – афсари шведӣ Ингви Томас Йохансон, ки ба маризии қанд мутбало буд, зуд раҳо карда шуд. Денис Пушилин, раҳбари худхондаи ҷудоихоҳон дар шаҳри Донетск гуфта буд, ки гаравгон ҷосусҳои НАТО мебошанд ва бо “зиндониёни мо раддубадал мешаванд”. Аммо дар бораи сурат гирифтани муомилае дар ҳалли ин қазия хабар дода нашудааст.

Охири моҳи гузашта вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ аз ҳамтои русаш Сергей Лавров хоста буд, ки барои раҳоии нозирони гаравгон мусоидат кунад. Лавров дар навбати худ гуфта буд, ки Маскав хостори раҳоии нозирони низомии САҲА хоҳад шуд, аммо дар ин бора бояд худи раҳбарони федерализатсия дар Украина тасмим бигиранд.
XS
SM
MD
LG