Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шоҳиди Зоиров аз толори додгоҳ боздошт шуданд


Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ.

Дилхоҳ Икромзода, Зулайхо Ҷӯраева ва Меҳринигор Ризоева ҳангоми мурофиаи додгоҳии раиси ҲСДТ, аз тарафи маъмурони пулиси ноҳияи Сино дастгир шуданд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи ҷумъаи, 2-уми май баргузор шуд, Дилхоҳ Икромзода, Зулайхо Ҷӯраева ва Меҳрнигор Ризоева (хоҳар ва модари маҳбус Суннатулло Ризоев) аз тарафи Раҳматуллоҳ Зоиров ба ҳайси шоҳид даъват шуда буданд ва аз толори додгоҳ ҳангоми мурофиа аз ҷониби маъмурони пулис дастгир шуданд. Масъулони шӯъба корҳои дохилии ноҳияи Сино онҳоро барои вайрон кардани моддаи 460-и кодекси мурофиавӣ бо «майда авбошӣ» гунаҳкор медонанд.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 2-уми май вай ба ҳайси шоҳид 5 нафарро даъват карда буд, ки 3 нафари онҳо ҷабрдидаи шиканҷа буданд. Аз ҷумла Ҳамза Икромзода сентябри соли 2012 ҳангоми муомилаи бади кормандони маҳбас ҳалок шуда буд ва Сунннатулло Ризоев, ҳамчун шоҳиди ин ҳодиса дубора ҳабс шуд.

Раҳматулло Зоиров гуфт, ки ҳанӯз мурофиа дар мавриди пахши хабари бардурӯғ дар бораи марги маҳбус ба охир нарасида буд, ки кормандони милиса-- тақрибан 10 нафар аз беруни толор шоҳидон модари Ҳамза Икромзода, модари Сунатулло Ризоев ва хоҳари Ҳамза Дилхоҳро ба зӯрӣ дар мошин бор карда ба тарафи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино бурданд.

Аммо масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино дар мавриди сабабҳои ба милисахона овардани шоҳидони Зоиров сӯҳбат накарданд, вале яке аз онҳо гуфт, ки ҳоло худи Зоиров ҳаминҷост баъдтар худи ӯ ба ин пурсиш посух хоҳад дод.

Ба нақли Раҳматулло Зоиров, дар мавриди пахши хабари бардурӯғ оид ба марги маҳбус ӯ ва шоҳидонаш аз тарафи додрас дар мурофиа мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Вазъи пурсиш ба гунае сурат гирифт, ки модари Ҳамза Икромзода аз бадрафтории кормандони маҳбаси рақами аввал, ки сабабгори марги фарзандаш шудаанд, ёдовар ва асабонӣ шуд ва аз ҳуш рафт. Модари Сунатулло Ризоев низ аз беадолатиҳои додгоҳ дар мавриди фарзандаш ҳарф зад, ки ба додрас «нафорид» ва аз кормандони милиса, ки барои назорат дар назди додгоҳ даъват шуда буданд, талаб кард, ки онҳоро аз бинои толор берун кунанд. Кормандони милиса онҳоро бо зӯр дар мошин шинонида, ба милисахона бурдаанд.

Моҳи феврал Раҳматулло Зоиров дар сафҳааш дар Фейсбук аз марги Маҳмадраҳим Саидов, як маҳбуси маҳбасхонаи рақами 1 хабар нашр карда буд, вале баъдан наздикони ин маҳбус даъво карданд, ки фарзанди онҳо зинда аст ва раҳбари ҳизб бо нашри ин хабар онҳоро ба таҳлука андохтааст. Зоиров он замон мегуфт, ки ин хабарро аз як манбаъи боэътимод дастрас кардааст.

Модари ин маҳбус ҳоло аз Раҳматуллоҳ Зоиров барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи дар маҳбас ҳалок шудани фарзанди ӯ 11 500 сомонӣ товон мехоҳад. Мавлудхон Салихов, вакили дифоъи наздикони ин маҳбус мегӯяд, исбот шуд, ки маҳбус зинда аст ва хабари паҳнкардаи Раҳматулло Зоиров ягон асос надорад.

Раҳматуллоҳ Зоиров ба навбаи худ дар як даъвои ҷавобӣ аз додгоҳ хостааст, то ду муасиссаи ислоҳӣ – боздоштгоҳи рақами 9/1 ва колонияи рақами 3/ 1-ро ҳамчун сарчашмаи аслии хабари марги ин маҳбус ба ҳайси ҳамҷавобгар низ ба масъулият бикашонанд. Оқои Зоиров ба Озодӣ гуфт, ки розӣ ҳаст, то аз ҳар кадоми ин се ҷониб 10 000 сомонӣ ба фоидаи хонаводаи маҳбус бирӯёнанд. Аммо раҳбарони ин ду муассиса даъвои севумро дар миён андохта, ба сурати инфиродӣ аз Зоиров талаби 200 000 сомонӣ товони дигар кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG