Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IRS равуои мошинҳои борбарро дар фасли гармо танзим кард


Ширкати «Innovative Road Solution» ҳаракати мошинҳои сангинвазн дар шоҳроҳи Душанбе-Чанакро бинобар фарорасии фасли гармо ва ҳифзи қабати болоии роҳ, аз рӯи ҷадвали махсус таъин кард. Қосим Шукуров, намояндаи ширкати IRS имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин қарор ба хотири ҳифзи қабати болоии шоҳроҳ гирифта шуд, зеро дар гармо асфалт мулоим шуда, ҳаракати мошинҳои сангинвазн мисли «дулан» ва «камазҳои сангин» онро хароб мекунанд. Мувофиқи ҷадвали махсус барои мошинҳои сангинвазн ҳаракат аз соати 20:00 то 10:00 субҳ мушахас карда шудааст, ки танҳо дар ҳамин муддат тарозуи Шаҳристон дар километри 72-юм барои мошниҳои сангинвазн фаъолият хоҳад кард. Низоми мазкур барои мошинҳои сангин аз имрӯз то 31 августи соли равон идома хоҳад кард. Ширкати IRS бо назардошти гармои тобистон барои мошинҳои боркаш аз соати 10 субҳ то 20 00 то 6 тонна бор иҷоза додааст. Масъулони ин ширкат мегӯянд, ин иқдом ба хотири ҳамеша фаъол нигоҳ доштани ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур гирифта шудааст. Зеро пас аз таъмири куллии шоҳроҳи мазкур, мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ мебоист тайи 10 сол роҳи мазкур бидуни таъмир боз мебуд, аммо бинобар равуои мошинҳои сангинвазн бисёр қисматҳои роҳи мазкур таъмирталаб шудаанд.
XS
SM
MD
LG