Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тими миллии футболи Афғонистон ба Душанбе


Тими миллии футболи Афғонистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон шоми имрӯз, 1-уми май, тавассути ҳавопаймо аз Кобул ба Душанбе меояд.

Ёдовар мешавем, ки бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи якшанбе, 4-уми май, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Қарор буд, мунтахаби Афғонистон шоми чоршанбе ба Душанбе меомад, вале ба иллати номусоидии обу ҳаво, фурудгоҳи Душанбе натавонист ҳавопаймои самти Кобул-Душанберо қабул намояд. Бинобар ин футболбозони афғон ба ватан баргаштанд ва имрӯз ба Тоҷикистон меоянд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Афғонистон ба Душанбе бо ҳайати пурқувваташ меояд. Муҳаммад Юсуф Коргар, сармураббии мунтахаби миллии Афғонистон, ба ҳайати даста 24 футболбозро шомил кардааст. Дар байни онҳо легионерҳое, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Олмон, Ҳиндустон, Шветсия ва Тайланд бозӣ мекунанд, ҳастанд.

Ба Тоҷикистон, инчунин, мураббии маъруфи олмонӣ Эрик Рутемеллер, ки соли 1996 дар мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо ёвари Берти Фогтс, сармураббии тими миллии Олмон буд, дирӯз, 30 апрел ба Душанбе омад. Рутемеллер, ки феълан ёвари сармураббии мунтахаби Афғонистон мебошад, аз ин пеш тимҳои «Кёлн» ва «Ганза» (Росток)-ро машқ додааст. Вай ба Алӣ Доъӣ, сармураббии тими миллии Эрон низ кӯмак карда, инчунин, ба ҳайси мудири фаннии Иттиҳодияи футболи Олмон (DFB) кор кардааст.

Ҳайати варзишии Афғонистон дар меҳмонхонаи «Азия Гранд отел»-и Душанбе иқомат хоҳад кард. Футболбозони Афғонистон аввалин тамрини худро дар Душанбе пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 2-юми май анҷом медиҳанд.

Ҳайати мунтахаби миллии Афғонистон:
Дарвозабонҳо: Мансур Фақирёр («Олденбург», Олмон), Ҳамидуллоҳ Юсуфзай Ғулом Маидин («Тӯфон Харирод», Афғонистон).
Ҳимоятгарон: Харун Фахруддин («Демпо», Ҳиндустон), Аҳмад Замир Даудӣ (TGM SV Jügesheim, Олмон), Фарзод Ғулом Муҳиддин, Ҳамидуллоҳ Носир Аҳмад, Муҷтаба Файз Забиҳуллоҳ («Биг Бир», Афғонистон), Муҳаммад Мирзо Ҳусайн, Масъуд Абдул Саид, Мустафо Мирзо Муҳаммад («Туфон Харирод», Афғонистон).
Нимҳимоятгарон: Ҳасан Амин («Айнтрахт-2», Олмон), Мустафо Зазаӣ («Санкт-Паули-2», Олмон), Муҳаммад Юсуф Машриқӣ («Бҳаванипур», Ҳиндустон), Ҷалолиддин Шаритёр («Швайнфурт-05», Олмон), Аҳмад Араш Хатифӣ («Мумбай», Ҳиндустон), Мустафо Озодзай («Турнебрунд Упхусен», Олмон), Файзал Шоиста («Сонгҳма Юнайтед», Тайланд), Ҳамид Садид («ÖSK Söder», Шветсия), Муҳаммад Рофӣ Файз Муҳаммад («Тӯфон Харирод», Афғонистон).
Ҳамлагарон: Мустафо Хадид («Алтона-93», Олмон), Ҳашматуллоҳ Муҳаммадҷон, Санҷар Аҳмадӣ («Мумбай», Ҳиндустон), Амируддин Муҳаммад Анвар, Сафиуллоҳ Борикзай («Биг Бир», Афғонистон).
Менеҷер: Муҳаммад Фарид Муҳаммад Ёсин.
Сармураббӣ: Муҳаммад Юсуф Коргар.

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, омодагиро ба бозии байналмилалии дӯстона бо тими миллии Афғонистон имрӯз, 30-юми апрел, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, шурӯъ кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев ба радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати дастаи мунтахаб 23 футболбозро даъват кардем. Аз легионерҳо танҳо як нафар - ҳамлагари «АЗАЛ»-и Озарбойҷон Аҳтам Ҳамроқулов ба Душанбе омад. Вале Фарҳод Восиев, ҳимоятгари «Газовик» (Оренбург, Русия) ва Давронҷон Эргашев, бозигари «Габала»-и Озарбойҷон, ба мунтахаби Тоҷикистон кӯмак карда наметавонанд, зеро ки бошгоҳҳои футболи онҳо дар ин маврид бозиҳои худро дар мусобиқоти лигаи аввали Русия ва қаҳрамонии Озарбойҷон анҷом медиҳанд. Инчунин, ду бозигари тими мунтахаб – ҳимоятгар Аҳтам Назаров ва нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе) – дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар Ветнам баргузор мешавад, ширкат доранд.”

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Энергетик»), Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Энергетик»).
Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов, Бахтиёр Чориев (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷурабоев («Хайр»), Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов («АЗАЛ», Озарбойҷон), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду аз «Истиқлол»).
Менеҷери даста: Улуғбек Каримов.
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Афғонистонро ҳакамон аз Қазоқистон доварӣ мекунанд. Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.

Натоиҷи бозиҳои пешини тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон чунин аст:

9-уми ноябри соли 2005. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008. Ҷоми даъвати АФК-2008. Даври ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

4-уми июни соли 2013. Бозии дӯстона. Қӯрғонтеппа. Тоҷикистон – Афғонистон - 3:2 (Ҳашматулло Борикзай, 5 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 17 (1:1). Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 41 (1:2). Хуршед Маҳмудов, 44 – аз пеналтӣ (2:2). Соҳиб Саванқулов, 74 (3:2).

Дар айни ҳол дар рейтинги ФИФА тими миллии Афғонистон дар ҷойи 122-юм ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 133-юм қарор доранд.
XS
SM
MD
LG