Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Украина дар ҳоли омодабош қарор дорад


Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина, гуфт, неруҳои мусаллаҳи кишварашро ба ҳоли омодабоши ҷангӣ даровардаанд, зеро хатари ҷанг бар зидди Украина вуҷуд дорад: “Ман бори дигар ба масъалаи хатари воқеии ҷанги заминии Русия алайҳи Украина бармегардам. Нерӯҳои мусаллаҳи мо дар ҳоли омодабоши комил ҳастанд.” Турчинов дар ин бора баъд аз он сухан гуфт, ки ҷудоихоҳони тарафдори Русия қароргоҳҳои давлатӣ ва раёсати пулиси шаҳри Ҳорливкаро ишғол карданд. Ошӯбгарони тарафдори Русия тайи чанд ҳафтаи ахир идораҳои ҳукуматӣ дар шаҳрҳои шарқии Украинаро тасарруф кардаанд, ва пешвоёни онҳо талаб доранд, бо баргузории раъйпурсӣ ба ин минтақа мухторият дода шавад.
XS
SM
MD
LG