Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Ироқ ба хушунат олуда шуд


Бо шурӯъи раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Ироқ ин корзори сиёсӣ ба ҳамлаву хунрезӣ олуда шуд. Дар шаҳри Киркук бомбе дар назди маҳҳали раъйдиҳӣ таркид ва ду занро кушт ва дар шаҳри Бағдод ба як нуктаи дигар бо минамёт ҳамла карданд. Бобмгузории аввал дар шаҳри Дибс дар наздикии Киркук ба вуқӯъ пайваст. Тундравон ҳамчунин як қитъаи раъйдиҳӣ дар шимоли Ироқро тарконида аз байн бурданд, вале пеш аз он кормадонашро аз онҷо берун карданд. Барои ба даст овардани 328 курсии порлумони Ироқ бештар аз 9 ҳазор номзад ба мақоми вакилӣ аз 277 ҷиноҳи сиёсӣ рақобат мекунанд. Баъди тарки Ироқ кардани нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2011 бори аввал аст, ки дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ сурат мегирад. Интизор меравад, ки Ҳизби ҳокимияти қонуни Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, бештар аз нисфи курсиҳои порлумонро ба даст биёрад ва худи Маликӣ барои саввум ва барои чаҳор соли дигар нахуствазири Ироқ бимонад. Интихобот дар замоне сурат мегирад, ки ҳамлаву хунрезӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва нерӯҳои давлатӣ бар зидди тундравон дар шаҳрҳои Рамодӣ ва Фалуҷҷа дар вилояти Анбор меҷанганд. Ба гуфтаи мақомоти интихоботии Ироқ, фақат дар 70 дар сади қаламрави вилояти Анбор имкони раъйдиҳӣ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG