Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки ройгони ҳуқуқиву тиббӣ ба даъватшавандаҳо ва низомиён


Як созмони ҷамъиятии Тоҷикистон бо номи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳо машваратҳои ҳуқуқии ройгонро пешниҳод кардааст. Бино бар баёнияи матбуотие, ки Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” рӯзи 30 апрел нашр кард, ҳамчунин дар ин муассиса як мутаххассиси тиб низ амал мекунад, ки “доир ба қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда ба хизмат маслиҳат медиҳад.” Онҳое ки мехоҳанд аз хидмати ҳуқуқдонҳо ва табиби ин муассиса истифода кунанд, метавонанд бо ин телефонҳо муроҷиат кунанд:
+992 92 816 06 09 Ҳимоятгар
+992 778 08 72 Ҳуқуқшинос
+992 815 01 75 Коршинос оид ба хизматиёни ҳарбӣ.
Ин созмон дар ҳоле ба додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва тиббӣ ба даъватшавандагон ва низомиён шурӯъ мекунад, ки дар Тоҷикистон мавсими нави даъват ба сафи артиш идома дорад ва тайи як моҳи аввали ин маърака дар бораи чандин мавриди ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмат ва бадрафторӣ нисбат ба сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва ҳатто марги мармузи сарбозони тоҷик гузоришҳо расидаанд.
XS
SM
MD
LG