Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи озариро озод карданд


Мақомоти Озарбойҷон Лайло Юнус, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи кишварро аз боздошт раҳо карданд. Муфаттишон ӯро ҳамроҳ бо шавҳараш рӯзи 29-уми апрел дастгир ва бозпурсӣ карданд. Ҳамчунин дафтари Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва демократия дар Боку, ки ба ӯ тааллуқ дорад, ҷустуҷӯ шудааст. Додситонии кулли Озарбойҷон гуфт, ки Лайло ва шавҳараш Ориф Юнус, ки барои шоҳидӣ дар як парвандаи ҷиноӣ ба додситонӣ даъват шуда буданд, мехостанд аз кишвар бигурезанд, барои ҳамин ҳардуро рӯзи 28-уми апрел дар фурудгоҳи Боку дастгир карданд. Парвандаро тавзеҳ надоданд, вале гуфтанд, ки таҳқиқи он идома дорад. Лайло Юнус гуфт, ки муфаттишон аз онҳо дар бораи робитаашон бо Рауф Мирқодиров, хабарнигори озарӣ пурсиданд, ки ӯро пештар аз ин бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Арманистон дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG