Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон эълон шуд


Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигарони дастаро, ки ба бозии дӯстона бо мунтахаби Афғонистон даъват шудаанд, эълон кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайати дастаи мунтахаб 23 футболбозро даъват кардааст. Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи якшанбе, 4-уми май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 баргузор мешавад.

Омодагиро ба ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев рӯзи чоршанбе, 30-юми апрел, шурӯъ мекунад. Аз легионерҳо танҳо ҳамлагари «АЗАЛ»-и Озарбойҷон Аҳтам Ҳамроқулов даъват шудааст.

Ҳимоятгари «Газовик» (Оренбург, Русия) Фарҳод Восиев ва бозигари «Габала»-и Озарбойҷон Давронҷон Эргашев ба мунтахаби Тоҷикистон кӯмак карда наметавонанд, зеро ки бошгоҳҳои футболи онҳо дар ин маврид бозиҳои худро дар мусобиқоти лигаи аввали Русия ва қаҳрамонии Озарбойҷон анҷом медиҳанд.

Ба ҷуз ин, ду бозигари тими мунтахаб – ҳимоятгар Аҳтам Назаров ва нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе) – дар ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар Ветнам баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Энергетик»), Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Энергетик»).
Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов, Бахтиёр Чориев (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷурабоев («Хайр»), Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов («АЗАЛ», Озарбойҷон), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Бозии байналмилалии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Афғонистонро ҳакамон аз Қазоқистон доварӣ мекунанд.

Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG