Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳо бар зидди 15 нафари дигар эълон шуд


Дмитрий Козак бо Путин
Дмитрий Козак бо Путин
Иттиҳодияи Аврупо номи 15 нафари дигареро эълон кард, ки барои нақшашон дар бӯҳрони Украина мавриди таҳрим қарор гирифтаанд,. Дар ин феҳрист номи генерал Валерий Герасимов-раиси ситоди нируҳои мусаллаҳи Русия, генерал Игор Сергун, ки аз вай раиси хадамоти кашфи артиш ё ГРУ ном мебаранд, дида мешавад.

Дар феҳрист ҳамчунин Дмитрий Козак-муовини нахуствазири Русия ва раҳбарони ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шаҳрҳои Луҳанск ва Донетск низ ҳастанд.

Номи Олег Белавентсев-намояндаи шахсии Путин дар Қрим, Олег Севелев-вазири тозатаъйини ҳукумати Русия барои Қрим ворид шудааст.

Дар эъломияе, ки бо нашри ин номҳо иртибот дорад, Кетрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки “вай аз ташдиди вазъи амниятӣ дар шарқи Украина нигарон аст”.

Эштон гуфт, ононе, ки дар феҳристи таҳримҳо ҷо дода шудаанд, ба тамомияти арзии Украина ва истиқлолияти он таҳдид мекунанд”.
XS
SM
MD
LG