Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром": Таҳримҳо ба тиҷорати газ таъсири манфӣ дорад


Ширкати давлатии «Газпром»-и Русия мегӯяд, ташдиди таҳримҳои кишварҳои Ғарб бар зидди Маскав баъд аз бӯҳрони Украина барои «Газпром» ва нархи саҳмияҳои он метавонад пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Ин ширкат ҳамчунин дар гузориши молии худ мегӯяд, норизоятиҳо роҷеъ ба нархи газ бо Киев метавонад интиқоли гази Русияро ба Аврупо қатъ кунад, зеро ин газ аз лулаҳои қаламрави Украина ба Аврупо меравад.

«Газпром» ва раҳбарони он дар феҳристи таҳримҳои Амрико ё Иттиҳодияи Аврупо нестанд. «Газпром» 30 дарсади гази Аврупоро таъмин мекунад.

Аз сӯи дигар, Ҷопон гуфтааст, ки дар чаҳорчӯбаи таҳримҳо барои баъзе шахсиятҳои Русия виза ё раводид содир нахоҳад кард. Номи ин шахсиятҳо эълон нашудааст, вале гуфта мешавад, ки дар феҳрист номи баъзе аз шахсиятҳои ҳукуматии Русия ҳаст.
XS
SM
MD
LG