Сергей Шойгу-вазири дифои Русия ба Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико итминон дод, ки Русия ба Украина таҷовуз нахоҳад кард. Ин ду вазир 28 апрел дар ин бора телефонӣ сӯҳбат карданд. Вазорати дифои Русия аз қавли Шойгу гуфтааст, ки нируҳои кишвараш баъд аз анҷоми машқҳои низомӣ аз марзи Украина баргаштаанд ва ҳоло дар маҳали иқомати худ қарор доранд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Русия баъд аз он чунин тасмим гирифтааст, ки “мақомоти Украина эълон кардаанд, ки нируҳои низомиро бар зидди аҳолии бесилоҳ сафарбар нахоҳанд кард”. Шойгу ҳамчунин гуфтааст, тавсеаи фаъолияти нируҳои Амрико ва НАТО дар наздикиҳои марзи Русия бесобиқа будааст.
Баъд аз ташаннуҷи муносибот бо Русия барои Украина тақрибан 150 нафар нируи Амрико 28 апрел барои ширкат дар машқҳои низомӣ вориди Эстония шуданд. Шумораи умумии нируҳое, ки Вашингтон ба Полшаву кишварҳои каронаи Балтик фиристодааст, ба 600 нафар мерасад.