Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Алиев - сардовари бозии дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон


Бозии байналмилалии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Афғонистонро ҳакамон аз Қазоқистон доварӣ мекунанд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи якшанбеи 4-уми май, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Нархи билети тамошои ин бозӣ дар ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ як хел - 5 сомонӣ - муқаррар шудааст.

Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.

Александр Алиев ба ҳайси футболбоз дар дастаҳои «Алмаато», «Тараз» ва мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-19) бозӣ кардааст. Аз соли 2013 довари ФИФА буда, бозиҳои премйер-лигаи Қазоқистонро аз соли 2012 доварӣ мекунад.
Вай бозии даври аввали интихобии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА миёни дастаҳои «Ширак» (Арманистон) ва «Тре Пенне» (Сан-Марино), бозиҳои мусобиқоти футболи Универсиадаи ҷаҳониро дар Қазон, инчунин, бозии дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон ва Малта (3:0) доварӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG