Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамолиддин Убайдуллоев дар мусобиқаи теннис ҷои севумро гирифт


Қосим Раҷабмадов ва Мунаввара Раҳмонова барандагони Ҷоми Пойтахт-90 байни дӯстдорони теннис гардиданд ва Ҷамолиддин Убайдуллоев ҷои севумро гирифт.

Мусобиқаи кушода оид ба теннис, ки ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти Тоҷикистонро доро гардидани шаҳри Душанбе бахшида шуд, рӯзҳои 26-27-уми апрел дар Қасри тенниси пойтахти кишвар барпо гардид.

Дар ин мусобиқа беш аз 50 нафар дӯстдорони теннис - намояндагони корпуси диломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок карданд. Мусобиқа танҳо аз як намуд - рақобатҳои инфиродӣ байни мардону занон - иборат буд.


Мусобиқаи имсола бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенннис”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Раҳбари ин корхона Тоҷиддин Тағоев ба радиои Озодӣ гуфт, «дар ин мусобиқа, ки барои бори чорум барпо гардид, дӯстдорони теннис - намояндагони шаш кишвар – Тоҷикистон, Русия, Украина, Олмон, Чин ва Ҳиндустон – иштирок доштанд. Мусобиқа таҳти шиори “Варзиш – қосиди сулҳ” доир шуд. “

Дар сабқати ниҳоӣ байни мардон Қосим Раҷабмадов (Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон) бар соҳибкори душанбегӣ Шавкат Орифов пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ - Ҷоми Пойтахт-90 – сарфароз гашт. Ҷамолиддин Убайдуллоев (Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев) ва Григорий Багдасарян (Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе) ҷойҳои севумро гирифтанд.

Дар сабқати занон Мунаввара Раҳмонова (Ширкати мобилии Tcell) мақоми аввалро касб кард. Мария Никитюк (Сафорати Украина дар Тоҷикистон) ҷойи дувум ва Анастасия Тиссен (Намояндагии Бонки аврупоии рушд дар Тоҷикистон) ҷойи севумро соҳиб шуданд.
Ба ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри теннис”-и Душанбе ва ҷоизаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе супурда шуданд.

Инчунин ширкаткунандагони фаъоли мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравии сарпарасти мусобиқа - Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Муҳаммад-А» - мукофотонида шуданд. Тӯҳфаҳоро раҳбари ин ҷамъият Абдулло Каримов супурд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа, ки шоми 27-уми апрел дар Қасри тенниси Душанбе баргузор шуд, Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Виктор Никитюк, сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва раиси кумитаи тадорукоти Ҷоми Пойтахт-90, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаро табрик гуфта, ба теннисбозони ҳаваскор барори кор ва комёбиҳои тоза орзу карданд.

Ҷамолиддин Убайдуллоев, ғолиби мусобиқаи порсола ва ҷоизадори мусобиқаи имсола, аз ҷумла гуфт, “боиси хушнудист, ки шумораи ширкаткунандагони мусобиқа сол то сол афзун мегардад. Ва бояд таъкид намоям, ки сатҳи бозии бозигарон тадриҷан боло меравад. Боварии комил дорам, ки дӯстдорони теннис дар мусобиқоти минбаъда низ фаъолона ширкат меварзанд.”

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG