Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари Иттиҳодияи Аврупо ба рӯи Молдова боз шуд


Сар аз рӯзи 28-уми апрел шаҳрвандони Молдова, ки шиносномаи биометрӣ доранд, метавонанд бе раводид ба қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо сафар кунанд. Ҳамингуна Молдова аввалин кишвар аз 6 кишвари узви Барномаи ҳамкорӣ бо кишварҳои шарқи Иттиҳодияи Аврупо шуд, ки чунин имтиёз мегирад. Порлумони Аврупо ва кишварҳои узв баъди чаҳор соли музокирот ба ин барнома ризоият додаанд. Сесиля Малстром, масъули умури дохилии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, қабули чунин қарор “робитаи мардумро бештар мекунад ва ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро миёни Молдова ва Иттиҳодияи Аврупо тақвият мебахшад.“ Юрий Ланча, нахуствазири ғарбгарои Молдова, гуфт, ки ислоҳот дар кишвараш ва сафари бераводид ба Иттиҳодияи Аврупо беҳтарин умед барои ҳалли бадарозокашидаи Преднестровйе аст ва афзуд, ки чунин имтиёзу ислоҳот ҷудоихоҳони он минтақаро нисбат ба Молдова дилгарм хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG