Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи Русия таҳримоти нав эъмол мекунанд


Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, мумкин аст, таҳримоти нав алайҳи афроди мушаххас дар Русия то рӯзи 28-уми апрел эълон шавад. Бен Родс, мушовири амниятии Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ки ӯро дар сафараш дар Осиё ҳамроҳӣ мекунад, рӯзи 27-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, “таҳримот мумкин аст, субҳи фардо” эъмол шавад, вале аз ин бештар тавзеҳ надод. Ба гуфтаи Бен Родс, намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ҳам рӯзи 28-уми апрел ҷамъ меоянд ва масъалаи таҳримоти нав бар зидди Русияро баррасӣ мекунанд. Як мақоми Иттиҳодияи Аврупо аз ин пештар гуфт, ки дипломатҳои кишвварҳои узв дар нишасти худ дар Брюссел ҷузъиёти феҳрасти нави “марҳилаи дуввуми” таҳримот алайҳи афроди алоҳидаи Русияро баррасӣ мекунанд ва мумкин аст, онҳоро аз ҳаққи сафар ба Аврупо маҳрум карда ва ҳисобҳояшонро бубанданд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бинобар амалкардҳои Русия дар Украина алайҳи ин кишвар таҳримот эъмол карданд.
XS
SM
MD
LG