Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҷоми талхи қиссаи "Лайливу Маҷнун" дар Кӯлоб


дар акс Дӯстмурод Асламхонов.
дар акс Дӯстмурод Асламхонов.

Худкушии домод, ки тӯйхонаро ба мотамсаро табдил дод, достони Лайлӣ ва Маҷнунро дар зеҳни сокинони Кӯлоб зинда кард.

Лайлӣ ё духтаре, ки ба хотири ӯ як ҷавон зиндагиро тарк кард, дар ҳолати афсурдагии шадид аст ва Маҷнун, тибқи иттилои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод Дӯстмурод Асламхонов, 21 сол дошта, донишҷӯи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб будааст ва шоми 26-уми апрел худро бо рӯймоли Лалйӣ дар дарахти дулона дар мавзеи Хучаки ин ноҳия ба дор овехт.

Падару модари ӯ барояш арӯси дигар ёфтанд ва дӯстдухтараш аз издивоҷи ӯ огоҳ шуда, доруи зиёд хӯрд. Ҷавон аз тарси он, ки духтар ҳалок мегардад, даст ба худкушӣ задааст.

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб ба мо гуфтанд, ки воқеан, ин ҷавондухтар ба беморхона оварда шуда, аммо пас аз шустушӯи меъдааш, чун ҳолаш бад набуд, рухсат шудааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи пизишкон ҳолати рӯҳии ӯ чандон хуб набуд ва аз ӯ чизе пурсида намешуд.

Мо падари ҷавонписар, Шарофиддин Асламхоновро назди Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб вохӯрдем. Ӯ хеле ғамзада буд ва танҳо бо такрори ин ҳарф, ки «ҳамааш аз тақдир буд» дигар ҳарфе дар ин бора гуфтан нахост.

Аммо як донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ бидуни зикри номаш гуфт, Дӯстмурод як ҳамсабақашро дӯст медошт, аммо волидайнаш духтари дигареро ба ақди ӯ дароварданд. Шаби тӯй дӯстдухтараш аз ин ҳодиса огоҳ шуда, ба Дӯстмурод занг зад, ки агар наздаш наояд, худашро мекушад.

Ҷавон пас аз маросими "сартарошон" берун мешавад ва субҳ ба хона омада, боз дубора берун меравад. Ҳамин ҷо миёни онҳо чӣ сӯҳбате мешавад, ки ҷавон худашро гӯё дар шоҳидии духтар ба дор меовезад.
Маъмурияти филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб аз ин ҳодисаи ба сари донишҷӯашон омада изҳори ҳайрат мекунанд.

Нуриддин Ҳусайнов, декани факултаи энергетикаи ин донишгоҳ мегӯяд, Дӯстумрод як донишҷӯи намунавӣ буд ва то ҳол бовари ҳеҷ кас намеояд, ки ӯ ба чунин кор даст задаст. Ӯ мегӯяд, ҳатто субҳи рӯзи маргаш низ ӯ дар дарс буд ва пас аз дарс чунин амалеро содир кардааст. «Миёни ҳама намуна буд. Ягон феълу характери бад надошт. Мо намедонем, ки чаро ӯ чунин кард. Мо даҳҳо бор дар ин маврид дарсҳои тарбиявӣ мегузаронидем. Чаро ӯ чунин кардааст, барои мо ҳам муаамо аст. Аммо ӯ дар ёди мо ҳамчун ҷавони фаъолу босавод боқӣ мемонад ва хеле афсус мехӯрем, ки ӯро аз даст додем.»

Аммо Заррина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик мегӯяд, бархе аз ҷавонон аз сари кутоҳандешӣ ба чунин кор даст мезананд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ҷавонон чунин кореро мекунанд, ки фикр доранд, мушкилашон дигар роҳи ҳал надорад, ҳарчанд, ҷиддитар фикр кунанд, садҳо роҳи ҳалл пайдо мешавад.
Ин равоншинос мегӯяд, аз сӯи дигар чунин ҷавонон бо воситаи худкушӣ мехоҳанд аз касе қасос бигиранд ва ақлашон ба он паҳлӯи масъала, ки аз ин қасосгирӣ ҳеҷ суде нест, намерасад. Хонум Кенҷаева меафзояд, ҷомеа бо чунин овозаҳо аз чунин афрод қаҳрамон месозад, ки ин ба ҳолати рӯҳии дигарон бетаъсир намемонад. «Ҳама дар бораи чунин афрод, мисле, ки ягон қаҳрамонӣ карда бошад, сӯҳбат мекунанд. Дар кинофилмҳо ҳам ба назар мерасад, ки ин рафторро тарғиб мекунанд, ки ба ҳисиёти ҷавонон бетаъсир намемонад. Ин гуна ҳодисаҳоро бояд маҳкум кунем, то дигарон ибрат нагиранд. Зиндагӣ мубориза аст ва то охир бояд мубориза бурд. Роҳ ёфтан мумкин аст, фақат дар ҳолатҳои вазнин сабр кардан даркор.»

Воқеан, ин ҳодиса миёни ҷавонони Кӯлоб сару садои зиёд ба бор овардааст. Ҳарчанд, аксари ҷавонон бо дилсӯзӣ дар ин робита сӯҳбат мекунанд, аммо бархеи дигар ин амали ҷавонро номардӣ меноманд. Саидмурод, як ҷавони сокини Кӯлоб мегӯяд, мард набояд ҳатто дар сахтттарин ҳолат ба чунин кор даст занад. Худкуширо ин ҷавон нишонаи оҷизӣ медонад, ки набояд инсон ба он дода шавад. Саидмурод мегӯяд: «Мо мегӯем, ки дар насибаш будааст. Шояд ин рост, аммо дар ҳама ҳолат сабр кардан хуб аст. Мо агар фикри худро ҳам дар чунин ҳолат накунем, бояд фикри атрофиёнро бикӯнем, ки пас аз сари мо зиндагии онҳо талх мешавад. Он дунёи худро бояд фикр кунем, ки чӣ ҷавоб медиҳем.»

Худкушии ин ҷавони сокини Кӯлоб дар ҳолест, ки дар се моҳи ахир 12 сокини Кӯлоб қасди ҷони худ кардаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта бештар будааст. Аммо ягон ҳодисаи худкушӣ дар Кӯлоб ба мисли ҳодисаи худкушии Дӯстмурод сару садо ба бор наоварда буд.
XS
SM
MD
LG