Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як медали нуқраи паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Хусрав Облобердиев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон медали нуқра ба даст овард.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 66 килограмм баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Вин Лунг Чао аз Тайван, Сартанг Ромин Зерӣ аз Эрон ва Ҳансу Риу аз Кореяи Ҷанубӣ ба финал баромад. Вале Хусрав Облобердиев дар даври ниҳоӣ аз Руслан Сарёв аз Қирғизистон шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми дувумро касб кард.

Вале шаш гуштигири дигари тоҷик – Азизбеки Шарифзода (59 кг), Некрӯз Мирхоҷаев (71кг), Нурулло Ҳасанов (75кг), Манучеҳр Алаев (85 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (98 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (130 кг) аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.


Дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Қазоқистон беш аз 200 варзишгар дар намудҳои гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ ва гуштии занона ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 15 варзишгар дохил буд.
Ҳашт нафар дар гуштии озод ва ҳафт нафари дигар дар гуштии юнониву румӣ рақобат карданд.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони тоҷик рӯзҳои 23-24-уми апрел дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар шаҳри Остона як медали нуқра ва як нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Сомиршо Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни то 70 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Кен Ҳосака аз Ҷопон ва Кумар Амит Дакар аз Ҳиндустон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар даври ниҳоӣ аз Мустафо Ҳусайнхонӣ аз Эрон шикаст хӯрд ва мақоми дувумро азони худ кард. Инчунин паҳлавони маъруфи тоҷик Искандари Рустам (97 кг) медали биринҷӣ ба даст овард.

Вале шаш намояндаи дигари Тоҷикистон -- Вайсиддин Ибодов, (57кг), Николай Ноев (61кг),Зелимхон Юсуфов (65кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Салим Хоҷаев (86 кг) ва Фарҳод Анақулов (120 кг) дар намуди гуштии озод аз медалҳои мусобиқот бенасиб монданд.

Дар гуштии озод дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Эрон пирӯз гашт. Мақоми дувумро гуштигирони Муғулистон соҳиб шуданд. Дастаи мизбон -- Қазоқистон дар ҷойи севум қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 17 кишвар ҳафтум шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод , шаҳри Остона, 23-24-уми апрели соли 2014

Вазни 57 кг
1. Расул Калиев (Қазоқистон)
2. Дамдинбазар Тсогтбахтхр (Муғулистон)
3. Самад Нодирбек-улу (Қирғизистон), Фумитака Моришита (Ҷопон)

Вазни 61 кг
1. Масъуд Исмоилпур (Эрон)
2. Баҷниш Баҷранг (Ҳиндустон)
3. Даулет Ниёзбеков (Қазоқистон), Низмомдакх Лхамгармаа (Муғулистон)

Вазни 65 кг
1. Сайидаҳмад Муҳаммадӣ (Эрон)
2. Канг Чжин Хок (Кореяи Шимолӣ)
3. Батхулун Батмангнай (Муғулистон), Фурқат Фармонов (Узбакистон)

Вазни 70 кг
1. Мустафо Ҳусайнхонӣ (Эрон)
2. Сомиршо Воҳидов (Тоҷикистон)
3. Кен Хосака (Ҷопон), Иброҳим Нуриддинов (Узбакистон)

Вазни 74 кг
1. Ризо Афзалӣ (Эрон)
2. Перевҷав Унурбат (Муғулистон)
3. Иннокентий Иннокентев (Қирғизистон), Риоичи Яманка (Ҷопон)

Вазни 86 кг
1. Майсам Мустафо Ҷавкор (Эрон)
2. Аслан Кахидзе (Қазоқистон)
3. Рашид Қурбонов (Узбакистон), Оргадол Уйтумен (Муғулистон)

Вазни 97 кг
1. Дорҷиханд Худербулга (Муғулистон)
2. Магомед Мӯсоев (Қирғизистон)
3. Сативарт Кадиан (Ҳиндустон), Искандари Рустам (Тоҷикистон)

Вазни 125 кг
1. Кумайл Қосимӣ (Эрон)
2. Натсогсуерн Золбу (Муғулистон)
3. Даулет Шабанбай (Қазоқистон), Шанг Хай (Чин)

Дар гуштии юнониву румӣ бошад, дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қазоқистон ғолиб омад. Мақоми дувумро гуштигирони Қирғизистон соҳиб шуданд. Тими Эрон дар ҷойи севум қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 17 кишвар нӯҳум шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ, шаҳри Остона, 26-27-уми апрели соли 2014

59 кг
1. Элмурод Тошмуродов (Узбакистон)
2. Шинобу Ота (Ҷопон
3. Чол Юн Вон (Кореяи Шимолӣ)
3. Канибек Желчубеков (Қирғизистон)
66 кг
1. Руслан Сарёв (Қирғизистон)
2. Хусрав Облобердиев (Тоҷикистон)
3. Ойбек Енсехонов (Қазоқистон)
3. Рю Хансу (Кореяи Ҷанубӣ)

71 кг
1. Ҷунг Ҷиҳюн (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Мақсат Эрежепов (Қазоқистон)
3. K K Ядав (Ҳиндустон)
3. Кайрат Туголбоев (Қирғизистон)

75 кг
1. Ким Хонву (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Такехиро Канакубо (Ҷопон)
3. Абдувалӣ Саид (Эрон)
3. Ян Бин (Чин)
80 кг
1. Жанарбек Кензеев (Қирғизистон)
2. Юсуф Қодириён (Эрон)
3. Азамат Қустубоев (Қазоқистон)
3. Ким Чқунхюн (Кореяи Ҷанубӣ)
85 кг
1. Нурсултон Турсунов (Қазоқистон)
2. Рустам Оссақолов (Узбакистон)
3. Маноҷ Kумар (Ҳиндустон)
3. Каримфар Муҷитоба (Эрон)
98 кг
1. Ерулан Исоқов (Қазоқистон)
2. Акира Осака (Ҷопон)
3. Алӣ Алиёрифайзободӣ (Эрон)
3. Сяо Ди (Чин)
130 кг
1. Беҳном Меҳдизода (Эрон)
2. Мурод Романов (Қирғизистон)
3. Ким Юнмин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Чжан Ян Нан (Чин)
XS
SM
MD
LG