Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир барои фоҷеа аз мақомаш истеъфо дод


Чунг Ҳонг Вонг-нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ эълон кард, ки баъд аз интиқодҳо дар бораи ба садама дучор шудани киштии мусофирбари Sewol аз мақоми худ истеъфо медиҳад.

Бино ба гуфтаи Чунг, дар фоҷеае, ки бо ин киштӣ рух додааст, ришвахорӣ дар ҷомеа гунаҳгор аст. Нахуствазир аз номи худ узр хост, ки натавонистааст аз ин фоҷеа ва сабабҳои он пешгирӣ кунад.

Чунг аз тарафи хешовандони қурбониён ва ононе, ки то ҳол бедарак мебошанд, мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифт. Чунг ҳангоми эълони истеъфои худ гуфт, ки бо дидани маҳрумиятҳои мардуме, ки наздикони худро аз даст додаанд вабо дидани норизоятии онҳо тасмими гирифтааст, ки чун раҳбари ҳукумат масъулияти комили ин пешомадро бар дӯш бигирад.

Дар киштие, ки дар обҳои соҳилии Кореяи Ҷанубӣ 16 апрел ғарқ шуд, 476 нафар нишаста буданд. Аксари онҳо шогирдони мактаб буданд. То ҳол марги 187 нафар таъйид шудааст. Даҳҳо нафари дигар бедарак мебошанд.

Фармонлдеҳи киштӣ ва бисёре аз кормандони он боздошт шудаанд. Онҳо барои он гунаҳгор дониста мешаванд, ки киштиро тарк кардаанд ва талош накардаанд, ки одамонро наҷот диҳанд.
XS
SM
MD
LG