Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ду холро аз даст дод


Даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26-уми апрел бо ду бозӣ шурӯъ шуд.

Ҳарду бозӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд - «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бидуни гол ба охир расид. Бозии дигар миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва «Энергетик» - бо ҳисоби 2:2 поён ёфт.

Ду бозии дигар рӯзи якшанбеи 27-уми апрел байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе – Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров – «Хайр»-и Ваҳдат барпо мегардад.

Бозии охирини даври севум рӯзи душанбеи 28-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Равшан» - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

26-уми апрел, шанбе
«ХУҶАНД» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» -0-0
Аз майдон хориҷ шуданд: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Сафаралӣ Каримов («Далерон-Ӯротеппа»), 78.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

«ИСТИҚЛОЛ» - «ЭНЕРГЕТИК» - 2-2
Голҳо: Комил Саидов, 7 (1:0). Бахтиёр Чориев, 39 (1:1). Ҳасан Рустамов, 52 – аз пеналтӣ (1:2). Хуршед Маҳмудов, 90+5 (2:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Наим Ӯлмасов («Истиқлол»), 38.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

27-уми апрел, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 16:00
ССКА «ПОМИР» - «РЕГАР-ТАДАЗ»
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

«ПАРВОЗ» - «ХАЙР»
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

28-уми апрел, душанбе. Оғози бозӣ - соати 16:00
«РАВШАН» - «ВАХШ»
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Баъди натиҷагирии ду давр “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаҳои “Энергетик” ва ”Хуҷанд” 5-имтиёзӣ, “Хайр” 4 имтиёз, “Вахш” 3 имтиёз, “Далерон-Ӯротеппа” 2 имтиёз, ССКА “Помир” ва “Регар-ТадАЗ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Парвоз” ва “Равшан”, ки як бозӣ анҷом додаанд, хол надоранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1«Истиқлол»32106-27
2«Энергетик»31204-35
3«Хуҷанд»31202-15
4«Хайр»21105-34
5«Вахш»21011-13
6«Далерон-Ӯротеппа»30211-42
7ССКА «Помир»20112-31
8«Регар-ТадАЗ»20111-21
9«Парвоз»10010-10
10«Равшан»10011-30

Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр») ва Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик») – 2-тӯбӣ
XS
SM
MD
LG