Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар аёлати Ҷамму ва Кашмир 5 кас кушта шуд


Дар минтақаи Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон дар як даргирӣ дастикам 5 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар ин тирандозӣ 2 сарбози Ҳиндустон ва 3 тундрави ҷудоихоҳ 26 апрел ба ҳалокат расидаанд.

Пулиси ин минтақаи баҳсбарангез гуфт, тирандозӣ замоне оғоз ёфтааст, ки нируҳои амниятӣ се тундравро дар шаҳраки Шопиан ошкор карданд ва тақозо карданд, ки онҳо таслим шаванд. Тундравҳо дар хонае дар Шопиан пинҳон будаанд.

Дар ин рӯзҳо дар ин минтақа райдиҳӣ дар интихоботи зинаҳои мухталифи ҳукумати Ҳиндустон идома дорад. Тундравҳо ва аҳзоби ҷудоихоҳ аз мардуми ин минтақа даъват кардаанд, ки интихоботи Ҳиндустонро бойкот намоянд.

Ҳиндустон Покистонро муттаҳам мекунад, ки аз шӯришиёни Ҷамму ва Кашмири Ҳинд ҳимоят мекунад. Дар ин минтақа аслан мусулмонон ба сар мебаранд. Покистон ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки тундравҳо муҷоҳидони озоданд.
XS
SM
MD
LG