Мусобиқаи имсола ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти Тоҷикистонро доро гардидани шаҳри Душанбе бахшида шудааст. Ташкилкунандаи мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенннис”-и шаҳри Душанбе мебошад.
Раҳбари ин корхона Тоҷиддин Тағоев рӯзи 26-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқа, ки байни мардонону занон ҷараён дорад, беш аз 50 нафар дӯстдорони теннис - намояндагони корпуси диломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд. Мусобиқа аз рақобатҳои инфиродӣ иборат аст ва шоми якшанбеи 27-уми апрел ба анҷом мерасад.”
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, ки 26-уми апрел дар Қасри тенниси Душанбе баргузор шуд, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, Амирҷон Убайдуллоев, намояндаи дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Анатолий Ладигин, корманди Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия, ширкаткунандаи доимии ин мусобиқа ва Манучеҳр Маҳмадалиев, муовини раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Муҳаммад-А» - сарпарасти ин мусобиқа, ба теннисбозони ҳаваскор муваффақият орзу карданд.
Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев имсол бахшида ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти Тоҷикистонро гирифтани Душанбе баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои варзишӣ нахуст 19-уми апрел ниммарафони байналмилалӣ барпо гардид. Имрӯз бошад, мусобиқаи кушодаи теннис миёни дӯстдорони ин намуд шурӯъ шуд. Бояд гуфт,ки ин мусобиқа барои чорумин бор барпо шудааст ва мо тасмим гирифтем, ки минбаъд сатҳи онро баланд бардорем ва ба мусобиқаи минтақавӣ табдил диҳем.”
Ба ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри теннис”-и Душанбе супурда мешаванд. Инчунин сарпарасти мусобиқа – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Муҳаммад А” - барои ғолибон ва ҷойҳои дувуму севум ва ширкаткунандагони фаъоли мусобиқа тӯҳфаҳо тақдим мекунад.