Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон мегӯянд, нозирон "ҷосусони НАТО" мебошанд


Денис Пушилин
Денис Пушилин
Дар шарқи Украина шӯришиёни ҷонибдори Русия гурӯҳи нозирони САҲА-ро гаравгон гирифтаанд ва мегӯянд, ки онҳо “ҷусусони НАТО” мебошанд. Денис Пушилин-раҳбари худхондаи ҷудоихоҳон дар шаҳри Донетск гуфт, ки гаравгонон бо “зиндониёни мо раддубадал мешаванд”.

Пушилин гуфт, ягона роҳи раҳоии нозирони САҲА ҳамин аст. Вай ин суханонро дар назди бинои Хадамоти амнияти Украина дар шаҳри Славянск баён дошт, дар биное, ки нозирон нигаҳдорӣ мешаванд.

То ҳол маълум нест, ки шӯришиёни ҷонибдори Русия чанд нафар нозиронро гаравгон гирифтаанд. Дар асл гурӯҳи нозирон аз 13 нафар иборат буд ва ба он ҳамчунин 4 олмонӣ ва 5 сарбози украинӣ шомил буданд.

Дар ин гурӯҳ ҳамчунин чаҳор нозири низомӣ аз Дания, Полша, Шветсия ва Ҷумчурии Чех буданд.
XS
SM
MD
LG