Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ронанда ва моҷарои додрасу додгустар


Бинои маъмурӣ дар ноҳия Вахш.
Бинои маъмурӣ дар ноҳия Вахш.

Додраси додгоҳи ноҳияи Вахш додситони ин ноҳияро ба нодида гирифтани асли «бегуноҳии эҳтимолӣ» дар марҳилаи пеш аз ҳукм айбдор мекунад.

Ин додрас нашри хабарҳои марбут ба садама бо иштироки худро дар назар дорад, ки ахиран дар расонаҳои давлатии вилояти Хатлон нашр шуда, Сайидо Сатторов, додраси додгоҳи ноҳияи Вахшро муттаҳам мекунад, ки бе ҳуҷҷат ва дар ҳолати мастӣ мошин ронда, бо вайрон кардани қоидаи ҳаракат ба садама роҳ дод ва боиси марги як нафар шудааст. Ҷаноби Сатторов ҷумъаи 25 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додситони ноҳия Юсуфзода Юсуфҷони Сангимад дар ҳоле, ки ҳанӯз тафтиши парванда ба итмом нарасидааст, дар расонаҳои давлатӣ хабар додааст, ки ӯ гунаҳкор аст.

Ин додрас аз садамае сӯҳбат мекунад, ки соати 11-и шаби 17-уми март дар ҳудуди ноҳияи Вахш сурат гирифта, дар натиҷаи он ронандаи ин мошин -- Бекмурод Ғоибов пас аз интиқол ба беморхона фавтидааст. Додситонии ноҳияи Вахш тибқи банди 212 - и Кодекси ҷиноӣ дар робита ба ин садама парванда боз кард ва додрасро ҳамчун шоҳид бозпурсӣ кардааст.

Аммо Сайидо Сатторов мегӯяд, додситон парвандаро тавре баррасӣ мекунад, ки ӯро аз ваколати додрасӣ маҳрум намояд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад. Дар ҳоле, ки ин додраси ҷавон мӯътақид аст, ки гуноҳе надорад: «Фикр мекунам, прокурор ғараз дорад ва борҳо пас аз оне, ки мо парвандаҳои ӯро ба тафтишоти иловагӣ мегардонидем, таъкид мекард, ки ҳатман нисбат ба шумо ҳам парванда боз мешавад. Мегуфт, ки шумо сохтакорӣ мекунед, шумо ғайриқонунӣ парвандаҳоро ба тафтишоти иловагӣ бармегардонидед. Фикр мекунам, ки ӯ хусумат дошт ва аз ҳамин садамаи тасодуфӣ истифода бурда, кӯшиши гунаҳкор кардани маро доранд. Ман дар сари чамбар набудам. Вақте мошин ба садама дучор шуд, ронанда аз зарб ба тарафи ҷои мусофиршинӣ омад. Ман дар нишастгоҳи пас нишаста будам. Ҳама дарҳо маҳкам шуда буд ва ман ба тирезаи ронанда берун шудам ва барои наҷоти ӯ кӯшиш кардам.»

Ин додрас мегӯяд, ӯ тамоми талошҳоро барои зинда мондани ронанда анҷом додааст, вале дар беморхона вақте ӯ барои харидории доруворӣ меравад, ронанда ҷон медиҳад. Сайидо Сатторов, мегӯяд, нафари ҳалокшуда -- Бекмурод Ғоибов дар додгоҳи ноҳия, назди додраси дигар баҳси оилавӣ дошт ва худаш ҳангоме, ки дид, Сатторов аз додгоҳ берун шуд, гуфт, ба самте меравад, ки додрас рафтанист ва пешниҳод кард, ки ӯро расонад.

Аммо Юсуфзода Юсуфҷони Сангимад, додситони ноҳияи Вахш ҳангоми сӯҳбати телефонӣ ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ӯ ҳеҷ ғаразе ба додрас Сатторов надорад ва парвандаро танҳо дар доираи вазифаи хидматӣ мавриди санҷиш қарор додааст. Ба гуфтаи ӯ, ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парванда як кори маъмулӣ ва ҳаррӯза дар низоми додситонист ва ҳеҷ гоҳ ӯ барои ин аз ягон додрас наранҷидааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло танҳо дар мавриди «Оиди ҳалокати шаҳрванд Ғоибов Бекмурод» парванда боз шуда, ин додрас ба ҳайси шоҳид пурсида мешавад ва гунаҳкор будан ё набудани ӯро додгоҳ маълум месозад.

Аммо Юсуфзода мегӯяд, чаҳор шоҳид байёнот додаанд, ки ронандаро аз нишастгоҳи паҳлӯӣ, на ҷои ронанда берун кардаанд ва ташхиси намунаи хун нишон дод, ки дар таркиби он 1,7 фисад спирти этилӣ мавҷуд аст, яъне ҳангоми садама дар ҳолати мастӣ қарор дорад, "гунаҳкор будани ӯро суд муайян месозад, аммо мо кори худро анҷом додем ва ҳоло парвандаро Прокуратураи генералӣ месанҷад. Падараш собиқ додрас будааст, омад, ки писари маро ҷазо надиҳед, худаш ҳам чанд восита равон кард. Агар гуноҳ надошта бошад, ҳамин гуна рафтор мекунад ва аз тафтишот гурехта мегардад? Агар гуноҳ надошта бошад, ин қадар илтимос мекунад? Кори нашударо мо чӣ хел дар сари ӯ бор мекунем? Худаш ҳуқуқшинос аст, биёяд бегуноҳиашро исбот кунад. Дар ин ҳодиса, ки шубҳа вуҷуд дошт, мо тафтиш кардем. Шоҳидон, ташхиси хун, баёоноти табибон ҳама вуҷуд дорад. Дар кори мо ҳар рӯз парвандаро барои тафтиши иловагӣ бармегардонанд ва ин ҷои малолӣ надорад. Мо такмил мекунем ва боз аз сар равон мекунем.»

Додситонии ноҳия Вахш мегӯяд, ҳатто дар баёноти худ додрас Сатторов қисман ба гуноҳҳои худро иқрор кардааст. Аммо Сатторов мегӯяд, аз ӯ тариқи таҳдид дар ҳоле баёнот гирифтанд, ки аз садама зарбаи ҷисмиву равонӣ бардошта буд ва ҳолаташ хуб набуд. Дар ҳамин ҳол, Сатторов гуфт, ӯ ҳеҷ гоҳ аз тафтишот нагурехтааст ва ҳоло вазъи саломатиаш хуб нест ва табобат мегирад.
Падари Бекмурод Ғоибов, нафари ҳалокшуда дар ин қазия бо шикоят ба он, ки пас аз ҳалокати писараш касе аз наздикони Сатторов ба таъзия наомад, гуфтааст, ки нисбат ба ӯ даъво надорад, вале талаб дорад, то мошини харобшудаи писараш барқарор шавад.

Аммо Гулҷаҳон Ғоибова, ҳамсари собиқи ронандаи фавтида мегӯяд, дар телевизион се бор тамошо кард, ки дар марги падари фарзандонаш Сайидо Сатторов, додраси додгоҳи Вахш гуноҳ дорад: «Мо ҳарчанд, аз суд ҷудо шуда будем ва алимент медод, аммо пеши ман омаду рафт дошт. Ваъда карда буд, ки барои кӯдаконам хона мегирам. Ҳар гунае, ки буд, дилпурии ману кӯдаконам буд. Ҳозир дигар ман чӣ кор мекунам, бо ин ду кӯдаки бепадар. Ман ҳоло мехоҳам ҳамон судяро аз наздик бинам ва бигӯям, ки бо ин ду кӯдакам ман чи кор мекунам? Ҳар моҳ дигар ба ин кӯдакони ман кӣ алимент медиҳад? Ман шикоят дорам, аммо як бор мехоҳам, Сайидоро аз наздик бинам.»

Дар ҳамин ҳол, тафтиши парвандаи садама бо иштироки Сайидо Сатторов, додраси додгоҳи ноҳияи Вахш ба салоҳияти Додситонии кулли Тоҷикистон гузаштааст ва дар сурати исбот шудани гуноҳи ӯ, ваколати додрасии ӯ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бекор ва ӯ ба ҷазои аз 3 то 5 соли зиндон рӯбарӯ хоҳад шуд. Аммо худи додрас бар ин бовар аст, ки агар адолат тантана кунад, кор ҳеҷ гоҳ чунин шакл нахоҳад гирифт, зеро гуноҳ надорад.
XS
SM
MD
LG